LIVE

Симеоне писари 19 солаи худро дар «Атлетико» нигоҳ медорад

Нимҳимоятгари «Атлетико» Ҷулиано Симеоне бо дастаи Испания то тобистони соли 2025 шартномаи нав баст. Симеони 19-сола писари сармураббӣ Диего Симеоне мебошад. Дар мавсими имсола нимҳимоятгари аргентинӣ дар ҳайати дувуми «Атлетико» ба задани 12 гол даст ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки Диего Симеоне ду писар дорад ва ҳарду ба роҳи падар рафтааст. Ҷованни Симеоне писари калонии сармураббии «Атлетико» мебошад, ки дар Италия бозӣ мекунад. Ҷулиано Симеоне бошад, дар  «Атлетико» бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив