LIVE

Диего Симеоне ҳамкориашро бо "Атлетико" идома медиҳад

Сармураббии "Атлетико" Диего Симеоне бо даста шартномаи нав ба имзо расонид, хабар медиҳад сомонаи расмии ин бошгоҳи шаҳри Мадрид. Шартномаи нави мутахассиси аргентинӣ бо бошгоҳи  испанӣ то 30-юми июни соли 2024 амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки созишномаи қаблии Симеоне охири моҳи июни соли 2022 ба анҷом мерасид. Тамоми ситоди  мураббиён дар якҷоягӣ бо сармурраббӣ созишномаҳоро нав карданд. Симеоне аз соли 2011 сармураббии  "Атлетико" мебошад.  Қаблан мутахассис дар дар дастаҳои  "Расинг", "Эстудиантес", "Ривер Плейт", "Сан Лоренсо" ва "Катания"-и Италия кор кардааст. Дар охири мавсими солҳои 2020/2021, "Атлетико" Мадрид бо роҳбарии Семионе қаҳрамони Испания шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив