LIVE

Фернандо Торрес сармураббии нави “Атлетико”

Собиқи ҳамлагари “Атлетико” Мадрид Фернандо Торрес ҳамакнун сармураббии дастаи ҷавонони “Атлетико” гардид.  Бозии аввалро таҳти роҳбарии Торрес “Атлетико” 17 январ бо дастаи “Побленсе”  баргузор намуд, ки рақобат бо ҳисоби 1 бар  1 мусовӣ хатм шуд. Голи ягонаи дастаи Торресро писари хурдии Диего Симеоне, Ҷулианои 17-сола зад.
Торрес аз соли гузашта инҷониб дар академияи “Атлетико” фаъолият мекунад. Бо вуҷуди ин мансаб, испанӣ таҷрибаи ҳатмии шашмоҳаро барои гирифтани иҷозатномаи UEFA  Pro идома медиҳад. Дар ин бора  Marca иттилоъ додааст. Торрес дар 2019 аз анҷоми корномаи футболбозии худ хабар дода буд. Охирин дастаи ӯ “Саган Тосу”-и  аз Ҷопон ба ҳисоб мерафт. Тими “Атлетико Б ”дар Сегунда  В, сеюмин лигаи Испания бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив