LIVE

Рекорди таърихии Буффон

Дарвозабони «Парма» Ҷанлуиҷи Буффон 500-умин  бозист, ки ба дарвозааш гол сар намедиҳад. Ин муваффақият дар «Парма», «Ювентус», ПСЖ ва тими миллии Италия ба даст омадааст. Дарвозабони «Парма»  Ҷанлуиҷӣ Буффон аввалин дарвозабон дар таърих гардид, ки рекорди пурқувват гузошт - ӯ 500 бозӣ бидуни гол гузаронидааст.
Муваффақият рӯзи 5 феврал дар бозии даври 21-уми Серияи «В» сабт шуд, ки дар он дастаҳои «Парма» ва «Беневенто» мусовӣ 0:0 карданд.
Рақами таъсирбахш чунин аст: Буффон дар тими “Ювентус” 322, “Парма” 92, “ПСЖ” 9 ва дар тими Италия 77 бозии бегол гузаронидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив