LIVE

Буффон ба дастаи аввалаи худ баргашт

Дарвозабони итолёвӣ Ҷанлуиҷи Буффон бо “Парма” қарордодро ба имзо расонд. Қарордоди мазкури дарвозабони 43-сола то соли 2023 мавриди амалӣ қарор мегирад. Қабл аз “Парма”, “Барселона” ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ намуд, аммо Буффон нахост дарвозабони дуюм бошаду дар курсии эҳтиётӣ нишинад. Ба ҷуз бошгоҳи каталонӣ, инчунин ӯ пешниҳодҳои дастаи португалии “Спортинг” ва туркии “Бешикташ”-ро низ рад намуд. Рад намудани пешниҳоди ин ду бошгоҳро ба он хотир намуд, ки “Парма” – дастаи итолёвие, ки аввалин маротиба Буффон фаъолиятро аз он ҷо шурӯъ намуда буд, ба ӯ пешниҳоди дар ҳайат шомил шуданашро кард. 

Ёдовар мешавем, ки Буффон аз моҳи июли соли 2001 аз “Парма” ба дастаи “Ювентус” ба маблағи трансферии 52,8 миллион евро гузариш намуда буд. Баъди 17 соли дар “Ювентус” мондан, сол 2018 ба дастаи фаронсавии “ПСЖ” ҳамчун агенти озод гузариш намуда, баъди як мавсим, соли 2019 дубора ба Турин баргашт. Дарвозабони 43-солаи итолёвӣ бо тамом шудани мавсими 2020/21 ҳамчун агенти озод боқӣ монд. Дар мавсими гузашта, ӯ дар 12 бозӣ ба майдон баромада, 7 голро ба тӯри дарвозааш сар додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив