LIVE

Дастаҳои футболи Хатлон аз литсензиякунонӣ гузаштанд

Гурӯҳи кории комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сардории ноиби Президенти ФФТ Алишер Урунов сафари кории серӯзаи худро ба вилоятт Хатлон ба анҷом расонд. 
Пас аз Кӯлоб, Восеъ ва Данғара гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаҳои гуногун, ин дафъа ба дастаҳои “Ҳосилот” (Фархор), “Сарҳадчӣ” (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Хатлон» (Бохтар) сафар карданд. 
Дар ҷараёни марҳилаи аввали литсензиякунонӣ гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатҳои дастаҳоро вобаста ба иҷроиши талаботҳои низомномаи литсензиякунонӣ аз рӯи критерияҳои варзишӣ, инфрасохторӣ, кадрӣ-маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ тафтиш карда, аз рафти омодагиҳои дастаҳои Лигаи якум ба мавсими нав дидан менамоянд. 
Ҳамзамон яке аз вазифаҳои асосии комиссияи мазкур ин мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барои таҳлили футбол ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳо дар тамоми қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад. 
Дар рӯзҳои дуюм ва сеюми корӣ дар вилояти Хатлон комиссияи ФФТ мулоқот бо раисони ноҳияҳои Фархор - Зариф Вализода, Ҳамадонӣ - Бозоралӣ Одиназода ва Ҷалолиддини Балхӣ - Убайдулло Файзулло анҷом доданд. 
Дар баробари ин, ҳайати кории ФФТ ба варзишгоҳҳои марказии Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, варзишгоҳи “Пахтакор”-и Бохтар  ташриф оварданд. Инчунин дар доираи сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз ҷараёни сохтмони варзишгоҳи нави футболӣ бо ғунҷоиши 15 ҳазор тамошобин, ки дар ҷашни Иди Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад, дидан намуданд.  
Дар фарҷоми сафари худ комиссияи ФФТ камбудиҳои мавҷударо ошкор карда, дархост намуданд, ки то оғози мавсими нави футболӣ онҳо бартараф карда шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив