LIVE

"Уотфорд" сармураббии нави дастаро эълон кард

Рой Хоҷсон сармураббии тими “Уотфорд”-и Англия таъйин шуд. Шартҳои созиш бо мутахассиси 74-солаи англисӣ мушаххас нашудааст. Ба Ҳоҷсон Рэй Левингтон кӯмак мекунад, ки солҳои 2002-2005  "Уотфорд"-ро роҳбарӣ кардааст. Ҳайати мураббиёни нав аллакай дастаро ба бозии рӯзи шанбе бо "Бёрнли" омода мекунанд
Як рӯз пеш аз ин вазифаи сармураббии “Уотфорд”-ро Клаудио Ранйерии итолиёвӣ  тарк кард.
Хоҷсон аз соли 2012 то соли 2016  дар тими миллии Англия фаъолият намудааст,   ки таҳти роҳбарии ӯ англисҳо дар даври ниҳоии Евро-2012, Ҷоми ҷаҳонии 2014 ва Чемпионати Аврупо-2016 бозӣ кардааст. Кори охирини ӯ дар сатҳи бошгоҳӣ   «Кристал Пэлас» буд, ки онҷоро   баҳори соли 2021 тарк карда буд. "Уотфорд" дар 20 бозӣ  14 имтиёз касб карда,  дар ҷадвали ПремЙер Лига ҷоЙи 19-ро ишғол намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив