LIVE

Луи Ван Гаал бори сеюм сармураббии Нидерландия гардид

Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерландия Луи Ван Гаалро сармураббии тими миллӣ таъин кард. Бино ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо байни Ассотсиатсияи футболи Нидерландия ва Ван Гал ба анҷом расиданд.
Хабар дода мешавад, ки ба Ван Гаали 69-сола мураббии “Спарта” Роттердам Ҳенк Фрейзер ва Дэнни Блинд, ки  тими миллии Ҳолландро аз соли 2015 то 2017 роҳбарӣ кардааст, кӯмак менамоянд.
Ван Гал аз солҳои 2000 то 2001 ва аз соли 2012 то 2014 тими миллии Ҳолландро роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ, даста барандаи медали биринҷии Ҷоми Ҷаҳон-2014 гардид. Охирин дастаи ӯ  “Манчестер Юнайтед” буд, ки соли 2016 онро тарк карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив