LIVE

Франк де Бур ба истеъфо рафт

Дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Чемпионати Аврупо-2020 мунтахаби Нидерланд ғайричашмдошт бо ҳисоби 0 бар 2 аз тими миллии Чехия шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Аз ин рӯ сармураббии тим  Франк де Бур ба истеъфо рафт.

     Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерланд истеъфои Франк де Бурро аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи кишвар эълон кард. Таҳти роҳбарии де Бур мунтахаби Нидерланд ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Евро-2020 роҳ ёфт ва дар он ҷо аз тими Чехия ноком шуд.
"То баҳо додани кори худ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам. Ҳадаф ба даст наомад, ин алакай маълум аст. Вақте дар соли 2020 ба ман пешниҳод карданд, то мураббии тими миллӣ шавам, ман фикр мекардам, ки ин як ифтихори бузург ва кори мушкил аст. Ман мехоҳам ба ҳама, албатта ба мухлисон ва бозигарон ташаккур гӯям. Инчунин ба роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерланд, ки дар тими миллӣ фазои воқеии варзишӣ фароҳам овардааст",- гуфта шудааст дар изҳороти Де Бур.

Тибқи созишнома, мебоист Де Бур Нидерландро то даври чорякниҳоӣ Чемпионати Аврупо мебаровард. Аз ин   рӯ шартнома тамдид намешавад, омадааст дар хабари Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерланд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив