LIVE

Усмон Тошев аз вазифаи сармураббии мунтахаб канор рафт

 Мутахассиси узбек Усмон Тошев бинобар ба итмом расидани шартнома, аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон меравад. Таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи "F" ҷои дуввумро иш-ол кард. 
 “Ман ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирии гарме, ки дар тӯли се соли кор ба ҳайси сармураббии тими миллӣ эҳсос кардам, ташаккур мегӯям. Ин марҳилаи фаъолияти мураббигии ман ва зиндагии ман ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳад монд. Ман ҳамеша Тоҷикистонро, ки ба хонаи дуввуми ман табдил ёфтааст, бо ҳарорат ва муҳаббат ба ёд меорам. Мехоҳам ба ҳамаи футболбозоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштам, ба ҳамаи кормандони тими миллӣ, ки ба ман кумак карданд, ташаккур гӯям. Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки моро дастгирӣ карданд. Аз тими мунтахаби Тоҷикистон рафтан, ман бо итминон гуфта метавонам, ки мо дар тими миллӣ оилаи хубе ба вуҷуд овардем. Боварӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегардад. Ман ҳамеша самимона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ мекунам. Барори кор ва ба ҳамаи шумо барои дастгириатон ташаккур”, иқрор шудааст Усмон Тошев.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Усмон Кудратович Тошев барои кори пурсамари муштарак изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти мураббигии минбаъдааш барору муваффақият орзу намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив