LIVE

Усмон Тошев: «Танҳо пирӯзӣ моро қаноъат мекунад, дигар натиҷа моро қаноъат нахоҳад кард»

Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев пеш аз нишасти хабарии рақобати даври 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар муқобили тими мунтахаби Мянма фикру ақидаи зешро баён кард. 
Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон:
– Мо дастаи Мянмаро эҳтиром мекунем, вале дар муқобили ин тим хеле ҷиддӣ омода шудаем. Гарчанде, ки дастаи рақиб марҳилаи интихобиро бо нокомӣ оғоз намуда бошад, ҳам бар муқобили мо хуб омода шудааст. Онҳо сармураббиашонро иваз намудаанд, ки ин натиҷаи худро дар бозӣ бо мо хоҳад расонид. Дар хонаи худ дилхоҳ даста мубориза шадид нишон медиҳад.  Мо ба Мандалай барои нишон додани бозии зебо ва се имтиёз омадааем. Танҳо моро пирӯзӣ қаноъат мекунад, дигар натиҷа моро қаноъат нахоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив