LIVE

Усмон Тошев: "Имконият ҳамеша вуҷуд дорад"

Дар ҳошияи як бозии тақдирсоз барои тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев сармураббии даста дар нишасти хабарӣ қабл аз ин бозӣ ширкат дошт. Номбурда ба суоли хабарнигорон посух дода, иқрор шуд, ки имконият ҳамеша барои муваффақ шудан вуҷуд дорад. 

"Ба ин бозӣ бо нақшаҳои худ омодагӣ дорем. Дарк мекунем, ки ин вохӯрӣ хеле душвор мегузарад ва ҳатто барои ҳарду тим тақдирсоз ҳам ҳаст. Ба ин хотир омодагиамон хеле ҷиддӣ мебошад. Ҳарчанд дар роҳ барои расидан ба ин бозӣ мушкилӣ доштем, зеро қисме аз футболбозон баъдтар ба тими миллӣ ҳамроҳ шуданд, аммо фикр намекунам, ки ин чиз ба бозӣ таъсир расонад. Имконият ҳамеша вуҷуд дорад. Хуб медонем, ки дар гуруҳҳои дигар бозиҳо бо чи натиҷа анҷом ёфтанд. Ҳеҷ кас гумон надошт, ки Эрон мағлуб мешавад ё Ӯзбекистон дар майдонаш дучори бохт мегардад. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон барои роҳ ёфтан ба даври баъдии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон имконитяи баробар доранд"

Вохӯрии даври 6-уми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долун Омурзақови шаҳри Бишкек расо соати 19 бо вақти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив