LIVE

Ба ҷойи Усмон Тошев киро дидан мехоҳед?

Усмон Тошев билохира курсии сармураббии тими мунтахабро тарк мекунад. Аниқтараш пас аз анҷоми рақобатҳои марҳалаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон Қатар - 2022 мутахассиси ӯзбек дар мансаби нави худ кор мекунад.  
Чанд рӯз қабл дафтари матбуотии бошгоҳи "Бухоро"-и Ӯзбекистон аз таъйини Усмон Тошев ба вазифаи директори варзишии даста хабар дод. Аммо Тошев танҳо пас аз анҷоми шартномааш бо мунтахаби Тоҷикистон расман салоҳиятҳои мансаби ҷадидашро қабул хоҳад кард. 
Миллипӯшони моро зери роҳбарии Тошев ду рақобат дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 интизор аст. Сараввал санаи 7-уми июн тими мунтахаби кишвар дар меҳмонӣ бо яккачини Ҷопон андари майдон мешавад. Пас аз ин, санаи 15-уми июн охирин бозӣ барои миллипӯшони мо дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон бо тими миллии Мянмар сурат хоҳад гирифт. Маҳз дидор бо мунтахаби Мянмар охирин рақобати мунтахаби кишвар зери роҳбарии мутахассиси мазкур хоҳад буд ва бо ҳамин барои Усмон Тошев фаъолият дар тими мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом мерасад. 

Next Post

Комментарии 2

Зоҳиршоҳ Одинаев
Зоҳиршоҳ Одинаев от 4 июня 2021 08:30
Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ва мухлиси футбол ба ин мансаби бузург ва пур масъулият метавонам як чанд нафарро ба ин мансаб пешниҳод намоям. 
1.Игорь Черевченко
2.Виталий Левченко
3.Никола Кавазович
4.Даниел Тиуне Охирон даста (Гамбург Олмон)
5.Муҳсин Муҳамадиев
6.Кристиан Брокки Охирон даста (Монца серияи В. Италия)

SUNATULLOH
SUNATULLOH от 4 июня 2021 12:34
1., Игорь Черевченко
2. Виталий Левченко
Ё ягон нафари арзанда аз хорич аммо набошад яган кас аз мутахасисони дохили намешавад аз онхо дида бе сармурабби истад хубтараст!!! 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив