LIVE

Усмон Тошев: «Мо ба Муғулистон барои се имтиёз омадаем»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар иншасти матбуотии пеш аз бозии мунтахабҳои Муғулистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз дар  варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон баргузор мешавад, фикру ақидаи хешро чунин баён кард.
  • Пеш аз ҳама кули мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷаши 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо бар зидди Муғулистон бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро доир мекунем. Мо ба ин бозӣ хеле ҷиддӣ омода шудаем. Моро дар Улан-Батор гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Ман мардуми муғулро хуб медонам ва футбол дар ин минтақа дар сатҳи олӣ аст. Мунтахаби Муғулистон ба монанди мо бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро бо пирӯзӣ оғоз наму. Мо бозии рақибро пурра омӯхтаем. Мунтахаби Муғулистон хеле дастаи хуб аст. Имрӯз моро бозии шавқовар интизор аст. Мо ба Муғулистон барои се имтиёз омадаем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив