LIVE

Ранйери аз мақоми сармураббии “Уотфорд” озод карда шуд

Дастаи “Уотфорд”, ки зинаи 19-уми Премйер Лигаи Англияро ишғол мекунад,  расман қарордоди ҳамкории худро бо мутахассиси итолёвӣ Клаудио Ранйери бекор кард. 
Ранйерии 70-сола моҳи октябри соли гузашта сармураббии «Уотфорд» интихоб шуда буд ва дар ин мақом Хиско Мунйосро  иваз кард. Дастаи "Уотфорд" таҳти роҳбарии Клаудио Ранйери 13 бозӣ анҷом дода, дар 11 вохӯрӣ шикаст хӯрдааст. Охирин бозии мутахассиси итолёвӣ дар курсии сармураббии “Уотфорд” бар муқобили “Норвич” маҳсуб мешуд, ки даста бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб гардид. 
Ранйери қаблан бо дастаҳои дигари англисӣ, «Челси», «Фулхэм» ва «Лестер» низ кор кардааст. Соли 2016 Клаудио Ранйери бо «Лестер» қаҳрамони Премйер Лига гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив