LIVE

Дин Смит сармураббии “Норвич Сити” гардид

Дастаи футбли “Норвич Сити” бо мутахассиси англис Дин Смит шартнома ба имзо расонид. Дар ин бора дафтари матбуотии ин бошгоҳ иттилоъ додааст.  
Дин Смити  50-сола бо ин тими футбол  барои 2,5 сол  - то охири мавсими 2023/24 шартнома баст. Ёрдамчии Дин Смит дар “Норвич” собиқ мураббии “Лестер” Крейг Шекспир маҳсуб мешавад.
Охирин клуби Смит “Астон Вилла” буд, ки ӯ аз соли 2018 онро бар ӯҳда дошт, аммо рӯзи 7-уми ноябр аз кор ронда шуд. Дар тули корномаи мураббигии хеш ин мутахассиси англис ҳамчунин сармураббии дастаҳои “Уолс” ва “Брентфорд” низ буд.
Дар оғози мавсими ҷорӣ Даниэл Фарк сармураббии тими мазкур буд. Рӯзи 6-уми ноябр «Норвич» аз истеъфои мутахассиси олмонӣ хабар дод.
Пас аз 11 давр “Норвич” бо як ғалаба дар Премйер Лига дар ҷои охирин аст. Аз сабаби натиҷаҳои ғайри қаноатбахш Даниэл Фарк аз кор озод карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив