LIVE

Мане калиди муваффақиятҳои "Ливерпул"

Дар даври 26-уми ПЛА дастаи "Норвич" дар варзишгоҳи хонагиаш бошгоҳи "Ливерпул"- ро ба ҳузур пазируфт. Бозӣ ҷолиб ва диданӣ ҷараён гирифта, бозингарони дастаи "Норвич" дар қисми аввали дидор нагузоштанд, ки шогирдони Клопп хати дарвозаашонро рахна кунанд. Дар қисми дуюми бозӣ ҳамлавари 27-солаи сенегалӣ - Садио Мане дар дақиқаи 78-ум тӯбро вориди дарвозаи Крул карда, ғалабаи дастаи "Ливерпул"-ро таъмин кард. Бошгоҳи "Ливерпул" бо касби 76 имтиёз садрнишини ҷадвали ПЛА буда, дастаи "Норвич" пас аз бохт ҳамоно дар таҳхонаи ҷадвал, яъне дар зинаи 20-ум бо касби 18 имтиёз маскан гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив