LIVE

Бозгашти дигарбораи Клаудио Ранйери ба Англия

Мутахассиси машҳури итолиёвӣ Клаудио Ранйери бо тими футболи "Уотфорд"-и Англия шартнома баст. Шартнома байни мутахассис ва клуби англисӣ барои ду сол баста шудааст. Ҳамзамон, Ранйериро чанд бошгоҳи Италия даъват карда буд, аммо ӯ ин пешниҳодҳоро қабул накард. Мураббии пешини даста Франсиско Хавйер Муноз Лломпарта буд, ки имрӯз ӯ тарки курсси хеш кард. Охирин дастаи мураббии итолиёвӣ “Сампдория” буд, ки ӯ баъд аз анҷоми мавсими 2020/2021 тарки даста намуд. Ранйери қаблан дар Англия сармураббии тимҳои «Челси» ва «Лестер» буд.  Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4-уми октябр Хавйер Муноз Лломпарта Ҳиско бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста аз вазифа озод карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив