LIVE

Дар даври ¼ ниҳоии Ҷоми Англия кӣ бо кӣ бозӣ мекунад?

Баъд аз анҷоми рақобатҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия аз 8 тими иштирокчӣ 7 даста ҳарифони худро пайдо карданд. 
Дастаи «Шеффилд Юнайтед» дар майдонаш бо «Арсенал» бозӣ мекунад. Ҳарифи «Манчестер Сити» - «Нюкасл» интихоб шуд. «Лестер Сити» ва «Челси» барои роҳхати навбатӣ талош хоҳанд кард. Дастаи «Норвич» бошад, бо ғолиби ҷуфти тимҳои «Дерби Каунти» ва «Манчестер Юнайтед» рақобат мекунад. 
Бозиҳои даври ¼ ниҳоии Ҷоми Англия аз 20-ум то 22-юми март сурат мегиранд. 
Ёдовар мешавем, ки барандаи ин мусобиқа дар мавсими гузашта дастаи «Манчестер Сити» маҳсуб мешавад. Дар финал шаҳриҳо тими «Уотфорд» - ро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дода буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив