LIVE

THE END!!!

"Уотфорд" дар даври 28-уми Премйер-лигаи Англия натиҷаи таърихиро ба қайд гирифт. Футболбозони дастаи "Уотфорд" дар майдони худ "Ливерпул"-ро бо ҳисоби 3-0 ноком карданд. Исмаила Сарр дар ин дидор ду гол ба самар расонид. Голи сеюми мизбононро бошад, Трой Дини ба номаш сабт кард. Ёдовар мешавем, ки "Ливерпул" бори охир моҳи январи соли 2019 аз "Манчестер Сити" бо ҳисоби 2-1 ноком гардида буд. Новобаста аз ин бохт "Ливерпул" садрнишини ҷадвал буда, "Уотфорд" бо дарёфти 27 хол ба зинаи 17-уми ҷадвал баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив