LIVE

Ғалабаи нахусти "Уотфорд" дар мавсими имсолаи ПЛА

Дар нахустин бозии даври 12-уми Премйер Лигаи Англия ду дастаи қафомондаи мусобиқа "Норвич" ва "Уотфорд" бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд. Дар дақиқаи 2-юми рақобат ҳамлагар Жерар Деулофеу ҳисобро боз кард. Андрей Грей бошад дар дақиқаи 52-юм маротибаи дуюм дарвозаи мизбононро рахна кард. Ин пирӯзии аввалини дастаи "Уотфорд" дар мавсими имсолаи чемпионати Англия аст. То ин дам онҳо 5 бозиро муссовӣ анҷом дода, дар 6 дидор ба бохт мувоҷеҳ гардиданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив