LIVE

Сармураббии "Валенсия" истеъфо дод

Сомонаи расмии дастаи бошгоҳи "Валенсия"-и Испания хабар медиҳад, ки сармураббии даста - Хави Грасия аз мақомаш истеъфо дод. Ин дар ҳоле рух дод, ки дастаи Хави Грасия рӯзи гузашта аз тими "Барселона" бо ҳисоби 3:2 дучори бохт гардид. Ногуфта намонад, ки тими "Валенсия" дар 6 бозии охири Ла Лига наметавонад ба пирӯзӣ даст ёбад.   Хави Грасия қаблан дар дастаҳои "Осасуна", "Малага", "Рубин"-и Россия ва "Уотфорд"-и Англия ба ҳайси сармураббӣ адои вазифа намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив