LIVE

Иштирокчиёни Суперҷоми Испания дар Саудӣ дучори мушкилӣ мешаванд

Масъулин ва иштирокчиёни Суперҷоми Испания, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, шояд ба мушкилоти ҷиддӣ дучор шаванд, хабар медиҳад хабаргузории Marca. Ба иттилои манбаъ, рӯзи душанбе футболбозони "Реал Мадрид", "Барселона", "Атлетико" ва "Атлетик" ба Ховари Миёна парвоз карда, дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания ширкат меварзанд. Аммо на ҳама футболбозон бар зидди коронавирус эм карда шудаанд. Дар Арабистони Саудӣ шаҳрванди хориҷӣ метавонад танҳо бо шаҳодатномаи эмкунӣ бошанд. 

Қаблан маълум шуда буд, ки футболбозоне, ки  эм накардаанд  ва дар Премйер Лигаи Англия бозӣ мекунанд, метавонанд ба маҳдудиятҳо дучор шаванд. Вазири варзиши Британияи Кабир Надин Доррис мехоҳад, ки клубҳои Премйер  лигаи Англия аз истифодаи футболбозони эмнашуда пас аз омадани бозигарон аз хориҷа пешгирӣ намоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив