LIVE

Ҷоми Африқо қурбони коронавирус мешавад

Конфедератсияи футболи Африқо дар бораи лағви Ҷоми Африқо ба далели шиддати нави коронавирус ба қарори ниҳоӣ меояд. Дар ин бора RMC Sport иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ, мусобиқа мебоист дар Камерун баргузор шавад, вале ба далели мушкилоти ташкилӣ дар кишвар ва инчунин сирояти коронавирус шояд ба таъхир гузошта шавад.
Қаблан як қатор клубҳои Аврупо аз он изҳори норозигӣ карда буданд, ки бояд бозигарони худро барои ширкат дар ин мусобиқа озод кунанд. Мусобиқаи Ҷоми Африқо аз 9 январ то 6 феврал дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив