LIVE

Футболбозони бразилӣ аз иштирок дар Ҷоми Амрико даст кашиданд

Тими миллии Бразилия тасмим гирифтааст, ки аз ширкат дар Ҷоми Амрико даст мекашад, менависад AS.
Бозигарони тими миллӣ аз интиқоли Ҷоми Амрико ба кишварашон норозӣ буданд. Собиқадорони тими миллӣ дар сӯҳбат бо роҳбарияти федератсияи футболи Бразилия аз мавқуф гузошта шудани мусобиқа ва аз он чизе, ки онҳо дар ин бора аз ВАО фаҳмидаанд, изҳори норозигӣ карданд. Онҳо имкони даст кашидан аз иштирок дар Ҷом ва ё лағви тамоми мусобиқаро баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи муколама, футболбозон қарор доданд, ки дар мусобиқа ширкат накунанд. Бразилиягиҳо футболбозони дигар тимҳои миллиро даъват кардаанд, ки барои баргузор нашудани Ҷоми Амрико муқобилат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Колумбия ва Аргентина бо навбат аз ҳаққи баргузории Ҷоми Амрико маҳрум шуданд. Хабар дода шуд, ки яке аз сабабҳо вазъи эпидемиологӣ дар ин кишварҳо буд, аммо Бразилия низ дар паҳншавии коронавирус мушкилот доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив