LIVE

Раис М’Боли беҳтарин бозигари финали Ҷоми Африқо-2019

Дарвозабони мунтахаби Алҷазоир Раис М’Боли бозигари беҳтарини рақобати ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо-2019 эълон гардид. Ин дарвозабони бомаҳорат дарвозаи худро хуб ҳимоя намуда, нагузошт, ки зарбае тури ӯро рахна созад. Айни замон М’Боли дар ҳайати бошгоҳи "Ал-Иттифоқ"-и Арабистони Саудӣ ҳунарнамоӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки дар ин вохӯрӣ алҷазоириҳо тими миллии Сенегалро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Ин ғалаба дар Ҷоми Африқо барои Алҷазоир дуюмин ба ҳисоб меравад. Бори якум онҳо ин ҷомро соли 1990 ба даст оварда буданд. Бозигари беҳтарини мусобиқот низ аз ҳайати тими мазкур интихоб шуд. Ин унвонро Исмоил Беннасир, ки тобистони имсол аз дастаи “Эмполи” ба “Милан” гузариш намуд, касб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив