LIVE

Ҷоми Туркия: Ҳамлавар ба ҷойи ду дарвозабон пеналти гардонд

Дар футбол саҳнаҳое ҳастанд, ки ба  лаҳзаҳои эҷодшудаи филми ҳунарӣ хеле монанданд. Чунин як рӯйдоди ҷолиб дар бозии Ҷоми Туркия байни дастаҳои «Хатайспор» ва «Эюпспор» ба вуқуъ пайваст, ки ҳамагонро ба ваҷд овард. 

Ду бошгоҳи туркӣ, ки дар лигаҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд, дар даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Туркия бо ҳам вохӯрданд. «Хатайспор», ки дар қатори пешсафони Суперлига қарор дорад, дар майдони худ «Эюпспор»-ро қабул кард, ки дар лигаи аввал барои роҳ ёфтан ба лигаи асосии Туркия мубориза мебарад. Футболбози меҳмонон Энес Кескин ҳисобро боз кард. Сармураббии «Хатайспор» то дакикаи 62-юми вохӯрӣ  чор маротиба футболбозонро иваз кард, ки ягонтоаш ба кор нахӯрд. Зарбаи дақиқи ҳимоятгари мизбонон Куручук дар дақиқаи 74-ум натиҷаро баробар сохт.  Дар дақиқаи чоруми ба қисми дуюм иловашуда дарвозабони "Хатайспор" бинобар вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон ронда шуд. Сарвон ва хуҷумкунандаи даста Маме Диуф дарвозаро ҳимоя кард.
Бо ҳамин қисматҳои иловагӣ оғоз шуд. Дар вақти изофӣ мураббиён ҳуқуқи ивази як бозингарро доранд. Сармураббии «Хатайспор» дарвозабони эҳтиётиашро ба майдон баровард.  Аммо ӯ низ дар дақиқаи 121-ум корти сурх гирифт.  Дар қисматҳои илова низ ғолиб муайян  нашуд ва  кор ба силсилазарбаҳои 11 метра расид. Маме Диуф аввалин шуда,  пеналтиро иҷро карду дастпӯшакҳоро пӯшида, дарвозаро ҳимоя кард. Дар зарбаҳои 11 метра  футболбозони "Хатайспор" бартарӣ нишон доданду  ғалаба ба даст оварднд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив