LIVE

Ҷавоби Почеттино бобати овозаҳои ба "МЮ" рафтанаш

Сармураббии «Пари Сен-Жермен»  Маурисио Почеттино иброз намуд, ки дастаро ба хотири «Манчестер Юнайтед»  тарк карданӣ нест.

"Ман бояд ба овозаҳо тоқат кунам. Ҷиҳати мусбӣ ва манфӣ вуҷуд дорад. Аммо ба ман фарқ надорад. Фақат далелҳо мароқоваранд. Ҳоло  бо як лоиҳаи хеле ҷолиб машғулам. Албатта, мо наметавонем аз мағлубият дар "Манчестер Сити" қаноатманд бошем,  аммо  барои ғалаба кор мекунем", - иқтибос меорад суханони Почеттиноро Amazon Prime.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Манчестер Юнайтед» омодааст,  дар охири мавсим ба Почеттино ба вазифаи сармураббӣ пешниҳод кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив