LIVE

"Челси" ситораи навқадами “Барса”-ро ба Лондон даъват кард

Нимҳимоятгари тими “Барселона” - Гави метавонад фаъолияти худро дар Премйер-Лигаи Англия идома диҳад. Ҳунари футболбози 17 сола таваҷҷуҳи соҳибмулкони “Челси”-ро ба худ ҷалб сохтааст. Ба иттилои манбаъ, "Челси" омода аст барои Гави 50 миллион евро пардохт кунад - ин маблағи ҷубронест, ки дар созишномаи нимҳимоятгар бо "Барселона" зикр шудааст. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти бошгоҳи испанӣ боисрор аз ситораи ҷавонаш даъват мекунад, ки шартномаро то соли 2026 тамдид кунад. 
Дар созишномаи нав маблағи ҷубронпулии ӯ ба 1 миллиард боло бурда мешавад. 
Дар мавсими ҷорӣ Гави дар Чемпионати Испания дар ҳайати «Барселона» 10 бозӣ анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив