LIVE

Месси ва Роналду узви як даста мешаванд?

Президенти “Барселона” Жоан Лапорта мехоҳад орзуҳоро ба ҳақиқат табдил диҳад. 
Тибқи иттилои матбуоти Испания, президенти “Барселона” мехоҳад як гузариши таърихиро ба роҳ монад. Каталонҳо омодаанд ба хотири Криштиану бо чанд бозигари худ якбора видоъ кунанд.
Гризманн, Коутиню ва Серхиои Роберто  ба “Ювентус” фиристода мешаванд. “Барселона” боварӣ дорад, ки дар он сурат клуб барои музди маоши Роналду маблағ пайдо мекунад. “Барселона” созишномаи қарзи дар ҳаҷми 525 миллион евроро ба имзо расонид.  Қарзи клуб сарҳади миллиардро убур кардааст. 
“Ювентус” ҷустуҷӯи вариантҳоро барои Роналду  идома медиҳад. Клуб омода нест, ки ба ситораи худ маоши зиёда аз 30 миллион евро диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив