LIVE

"Барса" 525 млн евро қарз мегирад

Ассаблеяи Генералии "Барселона" пешниҳоди бозтамвили қарзи 525 миллион евроро тасдиқ кард.
Дастак ба нақша гирифтааст, ки моҳи августи соли 2022 бо як ё якчанд операторони муътадили бозори молиявӣ тавассути бонки сармоягузории Goldman Sachs барои қонеъ кардани ниёзҳои молиявии худ созишнома имзо кунад. Ноиби президенти "Барса" оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Эдуард Ромеу тавзеҳ дод, ки қарзи пешакии тасҳеҳшуда ба 1.044 миллиард евро расидааст ва эҳтимолан боз ҳам афзоиш ёбад. Вай таъкид кард, ки "ковид барои ҳама чиз гунаҳгор нест, вазъ пештар бад шуда буд". Клуб амалиёти то 15 соларо бо  3%  пешниҳод мекунад. Президенти "Барса" Жоан Лапорта дар посух ба саволҳои аъзои клуб таъкид кард, ки "қарз барои он лозим аст, ки ба клуб танаффус дода шавад ва аз ҷайби аъзои клуб чизе нагирад."
Ҳамин тариқ, "Барса" аз бонки Goldman Sachs барои 15 сол бо фоизи 3% 525 миллион евро қарз талаб мекунад. Маблағ барои пардохти як қисми қарзи клуб ва пардохт кардани вомбаргҳо дар ҳаҷми 200 миллион доллар сарф хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив