LIVE

“Барса” ба буҳрони молиявӣ гирифтор мешавад

“Барса” бояд хароҷотро 300 миллион евро кам кунад,  то ба буҳрон гирифтор нашвад. “Барселона” бояд фавран хароҷотро коҳиш диҳад, то буҳрони молиявиро пешгирӣ кунад, гуфт иҷрокунандаи вазифаи президенти клуб Карлес Тускетс.
“Мо намехоҳем пул бигирем. Мо бояд хароҷоти кӯтоҳмуддатро коҳиш диҳем. Умедворем, ки мо метавонем бо футболбозон ва кормандони клуб дар бораи коҳиш додани музди кор ба мувофиқа расем. Ҳоло афзалият кам кардани хароҷот ва дарёфти намудҳои даромадест, ки клуб ҳоло надорад. Барои пешгирӣ аз бӯҳрони молиявӣ, мо бояд 300 миллион евро сарфа намоем », - иқтибос овардааст Sport.es аз гуфтаҳои Тускетс.
Ҳамзамон корманд таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир таҳдиди муфлисшавии клуб вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Тускетс бар асари пандемия “Барселона” сарчашмаҳои муҳими даромадро аз даст дод - масалан, маблағи сайёҳону мухлисон барои чиптаҳои бозӣ ворид намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив