LIVE

«Барселона» 97 миллион зарар дидааст

Бар асари пандемияи коронавирус «Барселона» дар охири мавсими солҳои 2019/20 зарари калони молиявӣ дид, ки сабаби асосии он баргузории бозиҳои мусобиқоти дохилӣ бидуни даъвати мухлисон дар Камп Ноу ва инчунин мавқуф гузоштани бозиҳои Лигаи чемпионҳо маънидод карда мешавад.
Бошгоҳои маъруфи каталонӣ дар саҳифаи расмии худ ҳисоботи солонаи молиявиро нашр кард, ки тибқи он нилунориҳо 855 миллион евро даромад ба даст овардаанд, аммо хароҷоти даста дар маҷмуъ сарҳади 955 миллион евроро убур кардааст. Зарари умумӣ бо дарназардошти андоз 97 миллион евроро ташкил додааст.
Дар мавсими гузашта "Барселона" бояд беш аз 1 миллиард евро ба даст меовард, аммо дар ниҳоят  фоида нисбат ба нақша 18% камтар буд. Дар гузориши расмӣ инчунин гуфта мешавад, ки клуб тавонистааст аз музди бозигарон ва кормандони худ 42 миллион евро сарфа кунад.
Зарарҳои аз ҳама калонро “Барселона” аз ҳисоби қарордодҳои тиҷоратӣ дидааст, ки 297 миллион евроро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли гузашта ин миқдор 9% кам шудааст. Дар ҳамин замина "Барселона" аз бозигаронаш хоҳиш намудааст, ки аз қисмати маошҳои хеш даст кашанд то клуб дучори мушкилии зиёди иқтисодӣ нашавад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив