LIVE

Агенти Рабйо бо “Барселона” гуфтушунид мекунад

“Барселона” метавонад тобистони имсол нимҳимоятгари “Ювентус” - Адриен Рабйоро бозигари хеш созад. Агенти футболбоз аллакай бо клуби каталонӣ гуфтушунидро оғоз кардааст. Дар ин бора матбуоти Италия хабар медиҳад.
Шартнома байни Рабйо ва “Ювентус” моҳи июни соли 2023 ба итмом мерасад. Туриниҳо дар сурати ба даст овардани маблағи лозимӣ розигии худро дар ин гузариш хоҳанд дод. “Барса” барои ин бозигар бояд ҳадди аққал 32 миллион евро пардохт кунад.  Дар мавсими ҷорӣ Рабйо 35 бозӣ гузаронида, 3 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив