LIVE

Жоржинйо ва Рэмси дастаҳои худро иваз мекунанд

«Ювентус» барои ба даст овардани ниммуҳофизатгари «Челси» Жоржинйо гуфтушунид анҷом медиҳад. Ба иттилои Football Italia туриниҳо паҳлуҳои мухталифи ин гузаришро меомузанд ва ба дастаи англисӣ бар ивази Жоржинйо ниммуҳофизатгари дигар Аарон Рэмсиро пешниҳод кард. Тобистони соли гузашта Рэмсии 29 сола ҳамчун футболбози озод ба «Ювентус» рафт ва агар «Челси» розӣ шавад, ӯ дубора ба Англия бармегардад. «Ювентус» ба хотири футболбози дастаи лондонӣ ду ниммуҳофизатгари худро қурбон карданист. 
Дар баробари Рэмси, Адриен Рабйо низ имкон дорад, ки дар «Челси» корномаи худро идома диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив