LIVE

«Юве» барои Жоржинйо се бозигарашро дар интихоби “Челси” гузошт

Хабаргузории испании Sport навиштааст, ки «Ювентус» барои қарордод бастан бо ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Челси” - Жоржинйо ва муҳофизатгар Эмерсон се бозигари худро дар интихоби лондониҳо гузоштааст, ки ҳар кадоми онҳо метавонад, дар ин муомилот ҳамроҳ шавад. 
 «Ювентус» чунин пешниҳодро дар ҳоле роҳандозӣ намудааст, ки мушкилоти иқтисодӣ дорад ва наметавонад бо маблағ ин бозигаронро ба ҳайаташ ҷалб созад. 
Ҳарчанд дақиқ гуфта нашудааст, ки ин се бозигар киҳо маҳсуб мешавад, аммо маълум аст, ки гап сари Федерико Бернардески, Дуглас Коста ва Адриен Рабйо меравад. 
«Челси» низ дар навбати худ ба ин муомилот розигӣ додааст, аммо ҷониби лондониҳо баъд аз таҳлилҳо дақиқ қоҳанд кард, ки кадоме аз инҳо метавонад дастаро пурквват созад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив