LIVE

Охирин мавсими Аарон Рэмси дар “Ювентус”

Нимҳимоятгар Аарон Рэмси метавонад дар равзанаи трансферии тобистона “Ювентус”-ро тарк кунад. Ба футболбози мазкур “Ливерпул” ва “Вест Хэм” таваҷҷӯҳ доранд. Шартномаи феълии Аарон бо клуб соли 2023 ба итмом мерасад. Бозигари мунтахаби Уэлс аллакай дар Премйер Лигаи Англия бозӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2019 ӯ бозигари “Арсенал” буд. Хабар дода шуд, ки “Ювентус” метавонад Рэмсиро бо Моиз Кин аз “Эвертон” иваз кунад. Дар мавсими ҷорӣ, нимҳимоятгари 30-сола дар Серияи А 18 бозӣ гузаронида, 2 гол зада, 4 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив