LIVE

Бозигари “Ювентус” ба “Ман. Сити” ё “Барселона”мегузарад

Нимҳимоятгари “Ювентус” - Адриен Рабиот метавонад ба “Манчестер Сити” ва “Барселона” гузариш намояд. Клубҳо номзадии футболбозро баррасӣ мекунанд, аммо маълум нест, ки туриниҳо ин футболбози худро дар равзанаи навбатии оянда ба фурӯш мегузоранд ё не.  Рабио моҳи июли соли 2019 аз “Ювентус” ба “ПСЖ” пайваст. Ин футболбози 25-сола бо “Ювентус” то охири мавсими солҳои 2022/2023 шартнома бастааст. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар 35 бозӣ гузаронида, се гол задааст ва ду партофти головар намудааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив