LIVE

"Барса" ба футболбози "Челси" мароқ зоҳир кардааст

Нимҳимоятгари "Челси" Саул Нйигес   ба рӯйхати трансферҳои "Басрелона" шомил шудааст. El Chiringuito TV дар ин бора хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, футболбози 26-сола имкон дорад, ки моҳи январ ба "Барселона" гузарад.
Ёдовар мешавем, ки ҳуқуқи нимҳимоятгари испанӣ ба "Атлетико" тааллуқ дорад ва "Челси" ӯро рӯзи охирини равзанаи трансферӣ  ба иҷора гирифта буд.

"Челси" метавонад, Саулро ба маблағи 35 миллион евро харидорӣ кунад, аммо ҳоло ин корро карданӣ нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив