LIVE

Саул ва Гризманн барои иваз кардани дастаҳои худ розигӣ додаанд

"Барселона" ва "Атлетико" бозигарони худро иваз кардан мехоҳанд. Нимҳимоятгари 26-солаи испанӣ Саул Нигес метавонад аз тими мадридӣ ба Каталония гузариш намояд ва аз он ҷониб ҳамлагари фаронсавӣ Антуан Гризманн ба “Атлетико” ҷалб мешавад. Дар ин бора Football Espana бо такя ба Mundo Deportivo хабар медиҳад.  Ба Саул дастаҳои Англия аз ҷумла “Ливерпул” таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. “Атлетико” ва “Барселона” табодули эҳтимолии Саулро бо Гризманн баррасӣ мекунанд. “Атлетико” метавонад барои Саул боз 20 миллион евро талаб кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив