LIVE

Ба Саул кори доварон писанд наомад

Нимҳимоятгари "Атлетико" - Нигес Саул аз кори доварон дар бозии даври 33-юми чемпионати Испания бар зидди “Барселона” (2:2) норозӣ будааст. Се голи дар ин вохӯрӣ задашуда баъд аз таъини зараби ҷаримавии 11 метра зада шуд. 

"Довар дар ҳама бархӯрдҳо садои уштаки худро баланд мекард. Дар чунин ҳолатҳо барои идома додани вохӯрӣ мушкилӣ мекашӣ. Ба онҳо низ мушкил буд, зеро дар майдони худ бидуни мухлисонашон бозӣ мекарданд. Мо кӯшиш кардем, ки ба онҳо фишор орем, вале довар ҳар замон бозиро манъ мекард", иқрор шудааст Саул ба Marca. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив