LIVE

Сабаби нарафтани Левандовски ба «Реал» ин Роналду будааст

Собиқ агенти ҳамлагар - Роберт Левандовски  Сезар Кухарски иқрор шудааст, ки соли 2014 «Реал» ба футболбоз пешниҳоди хуб кард, аммо ӯ Мюнхенро интихоб кард, зеро дар Мадрид зери сояи Криштиану Роналду қарор мегирифт.

«Реал» аз лиҳози молиявӣ беҳтар кз  «Бавария» пешниҳод карда буд. Вале дар Мадрид ӯ футболбози калидӣ намешуд, зеро ҳамагон футболбози португалиро чеҳраи асосии даста медонистанду ба ӯ таваҷҷуҳи асосӣ мекарданд. Ҳарчанд  Левандовски бидуни мушкилӣ дар мавқеъи Бензема бозӣ мекард, аммо рақами яки даста намешуд. Ӯ шахсити дуюмдарача будан намехост ва ба ҳамин хотир пешниҳоди “Реал”-ро қабул накард. 
Дар баробари клубҳои испанӣ ба ӯ ҳамчунин пешниҳодҳо аз ҷониби «Арсенал» ва «Манчестер Сити» низ шуд, вале Левандовски “Бавария”-ро хонаи худ интихоб кард», иқрор шудааст Кухарски. 
Левандовски дар мавсими ҷорӣ дар 28 бозии чемпионати Олмон 30 гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив