LIVE

3 пеналтӣ ва як худгол дар бозии «Барса» ва «Атлетико»

Дар бозии марказии даври 33-юми чемпионати Испания «Барселона» дар варзишгоҳи «Камп Ноу» «Атлетико»-ро истиқбол гирифт. Дар дақиқаи 11-уми бозӣ ҳисобро ҳамлагари «Атлетико» - Диего Коста кушод. Футболбози бразилии испанишуда, тӯбро ғайри интизор ба дарвозаи дастаи худ ворид сохт.  Бо гузашти 8 дақиқаи дигар довари марказ Алехандро Хосе Эрнандес Эрнандес ҷониби дарвозаи  «Барселона» зарбаи ҷаримавии 11 метра таъин намуд, ки онро ниммуҳофизатгари мадридиҳо Саул Нигес ба хуби иҷро карда, ҳисобро 1 бар 1 сохт. Дар қисми дуюми бозӣ. Дар дақиқаи 50-ум Лионел Месси низ тавассути иҷрои зарбаи ҷаримавии 11-метра каталониҳоро боз бартари бахшид.  Дар дақиқаи 62-юми рақобат Саул пеналти иҷро намуда, дублро марбути номи худ сохт.  Ҳаминтавр дар ин дидор се пеналтӣ ва як худгол ба қайд гирифта шуд, ки натиҷа дидори  дастаҳои «Барселона»  ва «Атлетико» 2 бар 2 мусовӣ ба қайд гирифта шуд.  «Барселона» 70 холро соҳиб шуда, мақоми дуюми ҷадвали умумии Ла Лигаро ишғол мекунад. «Атлетико» бо 59 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Пешгоми мусобиқа дастаи «Реал» маҳсуб мешавад, ки ҳанӯз бозии даври 33-юми худро анҷом надодааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив