LIVE

Кепа Аррисабалага ба иҷора меравад

Дарвозабони “Челси” - Кепа Аррисабалага метавонад клуби Лондонро тарк кунад, менависад The Sun. Бино ба иттилои манбаъ, “Челси” барои ба иҷора фиристодани Аррисабалага омодагӣ мебинад. Бошгоҳи мазкур дарвозабон ҷадид Эдвард Мендиро дар ҳайати аввал гузоштанист. 
“Челси” дирӯз Мендиро аз “Ренн” харидорӣ кард. Хабар дода шуд, ки маблағи гузариши Менди дар миёни дарвозабонҳое, ки дар Фаронса бозӣ кардаанд, рекордӣ маҳсуб мешавад. Лондониҳо ба тими “Ренн” 30 миллион евро пардохт кард.
Кепа Аррисабалагаро тобистони соли 2018 “Челси” бо маблағи 80 миллион евро харида буд, ки миёни дарвозабонҳои ҷаҳон рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар мавсими солҳои 2019/20 дарвозабон ба хатогиҳои зиёд роҳ дод, аз ин рӯ ҷойгоҳашро дар ҳайати асосӣ аз даст дод. Созишномаи футболбози испанӣ бо клуб то соли 2025 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив