LIVE

Иско футболбози «Челси» мешавад

Дастаи футболи «Челси» имкон дорад, ки бо ниммуҳофизатгари «Реал» Иско дар моҳи январ шарнома бандад. Дар ин бора  Mirror хабар додааст. Тавре гуфта мешавад, клуби испанӣ ба хотири ворид намудани навгониҳо дар ҳайаташ мақсад дорад бо Иско хайру хуш намуда, ниммуҳофизатгари «Тоттенхэм Хотспур» Кристиан Эриксенро ба Мадрид биорад. Мадридиҳо дар ҳоле ин тасмимро гирифтанд, ки футболбози мунтахаби Дания пешниҳоди клуби лондониро барои тамдиди қарордод қабул накард. Ба футболбози 27 солаи мунтахаби Испания натанҳо «Челси», балки «Манчестер Сити» низ хоҳиши бастани шарнома дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив