LIVE

Боз як ситораи футбол хомӯш шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти "Вулверхэмптон", қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1966 дар ҳайати тими миллии Англия Рон Флауэрс дар синни 87-солагӣ даргузашт.

«Бо андуҳи амиқ мо дар бораи даргузашти ноиби президенти клуб Рон Флауэрс хабар медиҳем. Имрӯз бисёриҳо Ронро ба ёд меоранд. Тамоми андешаҳои мо бо онҳоест, ки ӯро мешинохтанд ва дӯст медоштанд”,- гуфта шудааст дар паём.

Флауэрс қариб тамоми фаъолияти худро дар "Вулверхэмптон" гузаронидааст. Дар 467 бозӣ 33 голи задааст. Дар хайати «гургхо» Рон се маротиба чемпиони Англия шуд. Аз соли 1955 то 1966 шарафи мунтахаби  Англияро муҳофизат кардааст. Иштирокчии ду чемпионати ҷаҳон – солҳои 1962 ва 1966. Дар маҷмуъ, нимҳимоятгар дар ҳайати мунтахаби кишвар 49 бозӣ гузаронида, 10 голба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив