LIVE

Шикасти бузурги “Ювентус” аз “Барселона” дар Ҷоми Жоан Гампер

Дар бозии Ҷоми Жоан Гампер -2021 дастаи “Барселона” бо бошгоҳи “Ювентус” дидор анҷом дод. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи «Йохан Кройф Арена» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди каталониҳо хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юми дидор Мемфис Депай мизбононро ба пеш баровард. Баъдан дар идомаи вохӯрӣ Мартин Брейтуэйт ва Рики Пуч ду тӯби дигари каталониҳоро ба самар расонида, пирӯзии дастаашронро таъмин карданд. Ҳамин тавр “Барселона” бори 44-ум барандаи Ҷоми Жоан Гампер гардид. Бояд гуфт, ки дар ин вохӯрӣ ситораи асосии “Юве” Криштиану Роналду як қисм бозӣ намуд.
Ҷоми Жоан Гампер як мусобиқаи дӯстона аст, ки ҳамасола аз ҷониби “Барселона” баргузор мешавад. Нахустин маротиба ин мусобиқа соли 1966 баргузор шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив