LIVE

Рашид Раҳимов сармураббии “Уфа” шуд

Собиқ бозигари дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе, яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар таърихи кишвар, Рашид Раҳимов роҳбарии тими футболи “Уфа” -ро ба уҳда гирифт. Раҳимов Вадим Евсеевро дар ин мақомиваз кард.
Мутахассиси тоҷик қаблан “Амкар”, “Локомотив” ва “Ахмат”-ро роҳбарӣ мекард.
Фаъолияти варзишии Раҳимов дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ шурӯъ шудааст. Корномаи футболии худро солҳои 80-ум дар ҳайати “Помир”-и Душанбе оғоз карда буд, ки он ҷо то миёнаи соли 1991 ҳунарнамоӣ мекард. Дар ҳайати "Помир" ӯ 277 вохӯрӣ анҷом дода, 24 гол ба самар расонидааст.
Соли 1991 ӯ ба "Спартак" -и Маскав гузашт ва дар чемпионати Русия бо ин даста то нимаи соли 1992 бозӣ кард.
Дар ин муддат Раҳимов бо "Спартак" 11 бозӣ гузаронидааст.
Тобистони соли 1992 бо клуби испании “Реал Валладолид” як сол шартнома баст, ки дар он то нимаи соли 1993 бозӣ кард. Соли 1993 дар дастаи "Локомотив" -и Маскав якчанд бозӣ гузаронидааст.
Дар аввали соли 1995 ӯ ба чемпионати Австрия “Вена” гузашт, ки дар ҳайати он то нимаи соли 2000 бозӣ кард ва дар ин муддат дар 120 бозӣ ширкат варзида, 12 гол зад.

Аз нимаи солҳои 2000 то миёнаи 2001-ум ӯ инчунин дар клуби дигари Австрия - "Адмира Ваккер" бозӣ карда, 33 бозӣ гузаронидааст. Аз миёнаҳои ҳамон сол то охири мавсими соли 2002  ӯ дар клуби "Рид" -и Австрия низ бозӣ карда, фаъолияти варзишии зебои худро дар ин клуб ба анҷом расонид. Дар маҷмӯъ, дар тӯли тамоми давраи фаъолияти худ Рашид Раҳимов 515 бозӣ гузаронида, 39 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив