LIVE

Зайниддин Раҳимов мураббии сол шуд

Сармураббии тими мунтахаби то 17 солаи кишвар Зайниддин Раҳимов беҳтарин мураббии соли 2019 эълон шуд. Таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мунтахаби футболи то 17 солаи кишвар ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Инчунин бо роҳбарии Раҳимов мунтахаби то 17 солаи кишвар дар якчанд мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ комёб гардидааст. Ба мураббии мазкур дар маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои варзиши кишвар дар соли 2019 мукофоти махсус тақдим карда шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив