LIVE

Исми Муҳсин Муҳаммадиев дар феҳристи беҳтаринҳои Осиё

Сомонаи “Чемпионат” дар даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Россия се дастпарвари футболи тоҷик – Игор Черевченко, Рашид Раҳимов ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро шомил кардааст.
Даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Россияро тартиб додааст. Дар ин даҳгона 4 нафар аз Ӯзбекистон, 3 нафар аз Тоҷикистон, 2 нафар аз Қазоқистон ва як нафар аз футболи Туркманистон интихоб шудаанд.
Мирҷалол Қосимов аз Ӯзбекистонро, ки дар байни мухлисон бо лақаби «Марадонаи ӯзбек” маъруф буд, дар ин даҳгона дар ҷои аввал гузошта, беҳтарин легионери Осиёи Марказӣ дар футболи Россия номаш бурдааст. Мирҷалол Қосимов дар ҳайати «Алания”-и Владикавказ ва «Криля Советов”-и Самара дар маҷмӯъ 174 маротиба ба майдон баромада, 39 гол задааст. 
Вале сабаби асосии шӯҳрати ӯ, албатта, ҳунарнамоӣ дар ҳайати тиллоии «Алания” ба роҳбарии Валерий Газзаев дар ибтидои солҳои 90 буд, ки ин тим тавонист монополияи бошгоҳҳои Москва ба мақоми қаҳрамониро шикаста, ду дафъа қаҳрамони футболи Россия шавад. Азҷумла бо шарофати бозии «Марадонаи ӯзбек.” 
Ҷои дуюми даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказиро ба Владимир Нидергаус, ҳамлагари шӯҳратёри дастаи «Ротор”-и Волгоград ва тими миллии Қазоқистон дода, дар мақоми сеюм Владимир Хомуха аз Туркманистонро гузоштааст. 
Дар мақоми чоруми ин даҳгона - Рашид Раҳимов дастпарвари «Помир”-и Душанбе ҷой гирифтааст. Рашид Раҳимов, ки дар Душанбе бо лақаби «Садди Искандарӣ” маъруф буд, дар чемпионати Россия ҳамагӣ 40 бор ба майдон баромад, вале тавонист ду дафъа дар ҳайати «Спартак” унвони қаҳрамонӣ ва дар соли 1992 Ҷоми Иттиҳоди Шӯравиро ба даст биёрад.
Ин сифатҳо ҳоло ба ӯ дар фаъолияташ ҳамчун мураббӣ кӯмак мекунанд.”
Дар мақоми панҷуми даҳгонаи "Чемпионат” Одил Ахмедов аз Ӯзбекистон меояд ва дар ду ҷои баъдии 6-ум ва 7-ум "Чемпионат” боз дастпарварони футболи тоҷик - Игор Черевченко ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро гузоштааст.
Игор Черевченко писари капитани маъруфи «Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко дар ҳайати «Локомотив”-и Москва ду дафъа нишони нуқра ва 4 бор Ҷоми Россияро ба даст оварда, ду навбат дар рӯйхати 33 бозигари беҳтарини соли Россия роҳ ёфт. "Чемпионат” менависад, «магар голи дар Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи "Реал”-и Мадрид задаи Черевченкоро ҳам метавон фаромӯш кард?” 
Аммо Мӯҳсин Муҳаммадиев дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Россия 152 бор ба майдон баромада, 44 гол задааст. Муҳаммадиев ҳамин тавр, ҳамагӣ як дафъа дар ҳайати тими миллии Россия бозӣ карда, тавонистааст дар ин бозӣ низ гол бизанад. Мӯҳсин Муҳаммадиевро як футболбози нодир номидааст. 
Дар се мақоми охирини даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар футболи Россия Сергей Тимофеев аз Қазоқистон ва Виталий Денисов ва Андрей Фёдоров аз Ӯзбекистонро ҷой додааст.
Аммо шӯҳрати футболи Осиёи Марказӣ дар Россия зоҳиран имрӯз ба гунае нест, ки дар солҳои 90 буд. Аз ин даҳгонаи беҳтарин легионерҳо низ аксараш дар солҳои 80 ва 90 бозӣ мекарданд ва кайҳо пойафзолҳои худро ба девор овехтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив